Мо чунин хизматрасониҳои пулакӣ пешниҳод мекунем:
Ҷойгир кардани маълумот дар бораи ширкати Шумо ва тухмиҳо, воситаҳои ҳифзи растанӣ, нуриҳои мефурӯхтаатон дар барномаҳои мобилӣ дар асоси обунаи солона. Арзиши ҷойгир кардани маълумот
- дар як барномаи мобилӣ 50 USD / сол
- дар 2–4 барномаҳои мобилӣ 150 USD / сол
- дар 5–6 барномаҳои мобилӣ 200 USD / сол
- Ҷойгир кардани рекламаи хусусии Шумо дар барномаҳои мобилӣ ба шакли расм, ки пеши назари истифодабаранда ҳангоми кор дар барнома пайдо мешавад, 10 USD / моҳ.
- Ҷойгир кардани реклама дар воситаҳои технологияи иттилоотии AgroSpace, 10 USD / моҳ.
Барои бастани шартномаи пешниҳоди хизматрасониҳои пулакӣ Шумо бояд ба яке аз офисҳои шарикон, ки дар бахши «Робитаҳо» мавҷуданд, муроҷиат кунед.
Мо чунин хизматрасониҳои ройгон (бепул) пешниҳод мекунем:
- Интернет-мағозаи аграрии Hosil.tj барои хариди маҳсулот ва хизматрасониҳои кишоварзӣ
- Ҷойгиронии эълонҳо дар майдончаи эълонҳои хариду фурӯши маҳсулот ва хизматрасониҳои кишоварзӣ
- Илова кардани маводи таълимӣ, иттилоотӣ, маълумотӣ ва ғайра ба китобхонаи электронӣ
- Боргирии маводҳои таълимӣ, иттилоотӣ, маълумотӣ ва ғайра аз китобхонаи электронӣ
- Боргирии ҳамаи баномаҳои мобилӣ ва истифодабарии онҳо;
- Истифодаи харитаи электронӣ барои қабули қарорҳои судманд ва самарабахш
- Тамошои маводҳои видеоии таълимӣ оид ба истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бо имкони обуна ба шабакаи YouTube барои гирифтани маълумот дар бораи ҷойгир шудани маводи нав
- Азназаргузаронии нархҳои чаканаи бозории маҳсулоти кишоварзӣ бо имкони боргирии маълумот дар доираи муайяни замон дар бозори мушаххас дар шакли файли Excel
- Истифодаи ҳисобкунак барои ҳисоб кардани миқдори зарурии тухмӣ, нурӣ ва об барои истеҳсоли зироати мушаххас дар қитъаи муайяни замин.
НАВСОЗИҲОРО ПАЙГИРӢ КУНЕД
Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ кунед. Инчунин Шумо метавонед ба хабарҳои мо обуна шавед.
Мо барои Шумо маълумоти муҳим ва муфидро бе ягон найранг (спам) пешкаш мекунем.