Дар бораи мо

AgroSpace – Пойгоҳи ТИ аст (аз соли 2019), ки муштаракан бо ин ширкатҳо таҳия карда шудааст: ширкати «АгроИнформАзия», Қирғизистон, ширкати «Нексигол Навовар» ва Ташкилоти Ҷамъиятии «Нексигол Мушовир» аз Тоҷикистон

«АгроИнформАзия» ширкати иттилоотию машваратдиҳӣ (аз соли 2007) мебошад, ки ба таҳияи воситаҳои технологияи итиллоотӣ барои рушди ҳамкорӣ байни бизнес ва бизнес (B2B), пешниҳоди маълумот барои қабули қарорҳои самарабахш ба бизнесу банақшагирӣ, идоракунии дониш ва машваратдиҳии фосилавӣ машғул аст.

«Нексигол Мушовир» (аз соли 2008), ташкилоти машваратдиҳии кишоварзие мебошад, ки ҳар сол ба даҳҳо корхонаҳои хурд ва миёнаи агробизнес ва ҳазорон фермерҳо барои баланд бардоштани даромаднокӣ, беҳтар кардани сифат ва ҷорӣ кардани технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот, коркард ва маркетинги маҳсулоти кишоварзӣ ёрӣ мерасонад.

«Нексигол Навовар» (аз соли 2016) ширкати махсусгардонида ба таҳияи воситаҳои технологияи итиллоотӣ барои соҳаи кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт мебошад.

НАВСОЗИҲОРО ПАЙГИРӢ КУНЕД

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ кунед. Инчунин Шумо метавонед ба хабарҳои мо обуна шавед.
Мо барои Шумо маълумоти муҳим ва муфидро бе ягон найранг (спам) пешкаш мекунем.