Русӣ / Тоҷикӣ
Мафҳуми воситаҳои муҳофизати растанӣ (ВМР), хусусиятҳои ВМР; муолиҷаи растаниҳо аз зараррасонҳо, касалиҳо ва алафҳои бегона; истифодаи ВМР ба зироатҳои кишоварзии гуногун; таъминкунандагони ВМР-и лабораторияҳои биологӣ дар Тоҷикистон.
Пайвастшавии интернет талаб карда намешавад.
Барнома кори деҳқонро возеҳан соддатар, ҷустучӯ кардани маълумоти дурусту заруриро барои муҳофизати растанӣ аз алафҳои бегона, касалиҳо ва зараррасонҳо пешкаш менамояд
Робитаҳои мағозаҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон, фурӯшандаи ВМР.
Мутахассисони босалоҳияти мусаллаҳ бо донишҳои фарогири махсусиятҳои истеҳсолоти кишоварзии минтақа.
Муҳтавои мунтазам навшаванда ва маълумоти муҳимтарин дар бораи ВМР.
Муҳтавои барнома ба забони модарии барои деҳқон фаҳмо дастрас аст.
Дар маълумотномаи электронӣ иттилоъ дар бораи воситаҳои муҳофизати растанӣ, тарзҳои дуруст ва бехатарии истифодаи онҳо бар зидди зараррасонҳо, касалиҳо ва алафҳои бегона ҳангоми парвариши зироатҳои кишоварзӣ дода шудааст. Маълумотнома барои мутахассисон ва мушовирони кишорварзӣ, ки дар самти фурӯши воситаҳои муҳофизати растанӣ кор мекунанд ва деҳқонони манфиатдор пешкаш мешавад.
Ҳуқуқҳои муаллифӣ (зеҳнӣ)-и маълумотномаи мазкур ба Иттиҳоди Аврупо тааллуқ доранд. Ҳангоми бознашр (чопи дубора)-и маълумотномаи мазкур, ба муҳтавои он тағйироту илова даровардан манъ аст. Инчунин ба таври ҳатмӣ бояд зикр шавад, ки тамоми ҳуқуқҳо барои ин маълумотнома ба Иттиҳоди Аврупо тааллуқ доранд. Ақидаҳои дар ин нашрия дарҷшуда ба таври ҳатмӣ инъикосгари сиёсат ва мавқеи Иттиҳоди Аврупо намебошанд. Лоиҳаи SENAS ҳуқуқи истифодаи фарзияи электронии «Маълумотнома оид ба муҳофизати растаниҳо”-ро дар Тоҷикистон, ки дар пойгоҳи интернетии АгроИнформ.Тҷ. ҷойгир аст, пешкаш мекунад.
Барномаҳои бемисли мобилиро, ки дар онҳо роҳҳои ҳалли муосир, босамар ва аҷиб истифода шудаанд, барои баҳрамандии дурудароз дар смартфони худ боргирӣ кунед.
НАВСОЗИҲОРО ПАЙГИРӢ КУНЕД
Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ кунед. Инчунин Шумо метавонед ба хабарҳои мо обуна шавед.
Мо барои Шумо маълумоти муҳим ва муфидро бе ягон найранг (спам) пешкаш мекунем.