Русӣ / Қирғизӣ / Тоҷикӣ / Англисӣ
Навъҳои гармхонагии тухмиҳои помидор ва бодиринг, касалиҳо, зараррасонҳо, нуриҳо, нархҳои бозор, истифодаи доруҳо, харидорон, ташкилотҳои қарздиҳӣ, пешгӯии обу ҳаво.
Пайвастшавии интернет талаб карда намешавад.
Бемисл аст. Маълумоти зарурӣ барои истеҳсол ва фурӯши навъи бодиринг ва помидори гармхонагӣ дар смартфон ба таври муназзам, бо имкони занг задан ба фурӯшандаи маводи кишоварзӣ ва харидорони сабзавотҳо.
Робитаҳои фурӯшандагони тухмиҳо, нуриҳо, воситаҳои ҳифзи растанӣ дар Қирғизистон ва Тоҷикистон. Имкони занг задан.
Робитаи мустақим бо ширкатҳои коркард ва тиҷорат бо имкони занги мустақим ба харидорон.
Мутахассисони босалоҳияти мусаллаҳ бо донишҳои фарогири махсусиятҳои истеҳсолоти кишоварзии минтақа.
Муҳтавои мунтазам навшаванда ва маълумоти муҳимтарин дар бораи фурӯшандагон ва харидорони маводу маҳсулоти кишоварзӣ.
Муҳтавои барнома ба забони модарии барои деҳқон фаҳмо дастрас аст.
Дар барномаи мобилӣ оид ба парвариши навъи помидор ва бодиринги гармхонагӣ чунин маълумот пешкаш карда шудаанд: касалиҳо ва зараррасонҳои мавҷуда дар минтақа, усулҳои муҳофизат аз онҳо, аз ҷумла, истифодаи маводи органикӣ оид ба муҳофизати растаниҳо. Барномаи мобилӣ робитаи мустақими деҳқонро бо таъминкунандагони тухмиҳо, воситаҳои ҳифзи растанӣ ва истеҳсолот, инчунин харидорони имконпазир фароҳам меоварад. Дастрасӣ ба маълумоти нархҳои чаканаи бодирингҳо ва помидорҳо дар бозорҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон мумкин аст.
Истифодаи оддӣ ва осони барномаи мобилӣ онро ҳам барои деҳқонҳои касбӣ, ҳам барои соҳибкоронҳои навкор ва ояндаи соҳаи бизнеси кишоварзӣ дастрас мегардонад.
Барномаҳои бемисли мобилиро, ки дар онҳо роҳҳои ҳалли муосир, босамар ва аҷиб истифода шудаанд, барои баҳрамандии дурудароз дар смартфони худ боргирӣ кунед.
НАВСОЗИҲОРО ПАЙГИРӢ КУНЕД
Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ кунед. Инчунин Шумо метавонед ба хабарҳои мо обуна шавед.
Мо барои Шумо маълумоти муҳим ва муфидро бе ягон найранг (спам) пешкаш мекунем.